Далели Эмомалӣ Раҳмон барои рабт надоштани Наврӯз ба динҳо: куҳансолтар зардуштия аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими таҷлили Наврӯз дар шаҳри Норак аз таърихи шашҳазорсолаи ин ҷашни миллии тоҷикон зикр карда, онро барои тоҷикону форсизабонони олам ва халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла Рустам Минниханов, роҳбари Тотористонро хайрамақдам гуфта, зикр кардааст, ки мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба 250 нафар ятим туҳфаҳои идона овард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад. Ӯ таъкид кардааст, ки умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад.

“Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад”, - илова намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзудааст, ки чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд.

“Имсол мо тасмим гирифтем, ки тантанаҳои Наврӯзро бо иштироки меҳмонон ва зиёиёни кишвар дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон доир намоем. Сокинони Хатлон аз қадимулайём бо меҳрубониву иродатмандӣ, далериву шуҷоат, заҳматдӯстиву ободгарӣ ва хештаншиносиву ҳувиятхоҳӣ машҳур  гардидаанд. Аз қадимтарин сарчашмаҳо маълум аст, ки сокинони Хутали бостонӣ дар ҳифзи ойину ҷашнҳои аҷдодӣ нақши басо арзишманд гузошта, имрӯз низ дар ин масир устуворона қадам мегузоранд, ки тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Начало строительства стадиона на 30 тысяч посадочных мест в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Норак ба сохтмони меҳмонхона оғоз бахшиду коргоҳи нав ифтитоҳ кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намудааст, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буда, бо ҳунару касбҳои бобоии худ ифтихор менамоянд.

“Гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд. Мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, барои ободиву сарсабзии кишварамон талош намоем ва аз худ барои ояндагон як мулки обод ва кишвари пешрафтаву тараққикардаро ба мерос гузорем”,- таъкид намудааст ӯ.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бори дигар фарорасии ҷашни мубораку бузурги Наврӯзро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, халқу миллатҳои олам, ки онро таҷлил мекунанд шодбош гуфта, орзу кардааст, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишвар, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва  ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидонӣ бошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала