Сӯҳбати Раҳмон бо Назарбоев: умед ба идомаи фаъолияти пешво ва изҳори омодаи ҳамкорӣ бо ӯ

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВизит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым
Визит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев изҳори қаноатмандӣ кардааст, ки пешвои Қазоқистон фаъолияти худро дар арсаи сиёсат идома хоҳад дод ва Тоҷикистон омода аст, ки бо ӯ дар оянда ҳамкориҳояшро давом диҳад

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз сӯҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аввалин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, сӯҳбати ҷонибҳо, имрӯз, 20 март пас аз як рӯзи ба истеъфо рафтани Нурсултон Назарбоев сурат гирифтааст.

Президенти Тоҷикистон барои ҳамкориҳои самараноки чандинсолаи ҷумҳуриҳо ба Назарбоев изҳори сипос карда, умед ба идомаи фаъолияти собиқ ҳамтояш дар арсаи сиёсат кардааст.

"Раисҷумҳур изҳори қаноатмандӣ кард, ки пешвои Қазоқистон фаъолияти созандаи худро дар арсаи сиёсат ба нафъи мардуми бародари Қазоқистон ва тамоми минақа идома хоҳад дод", - менависад дафтари матбуотӣ.

Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Остона Нурсултон шуд

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки омодаи идомаи ҳамкориҳо бо Нурсултон Назарбоев аст.

"Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуд, ки аз дидори Нурсултон Назарбоев - дӯсти боэътимоду бародари худ - дар Тоҷикистон ҳамеша хушнуд хоҳад буд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президетӣ дар Қазоқистон симати раисҷумҳур дар дӯши раиси пешини сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Дертар маълум шуд, ки духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева  дар парлумони кишвар ҷойгузини Тоқаев гашт.

Лентаи хабарҳо
0