Тоқаев савганди президентӣ ёд кард

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкКасым-Жомарт Токаев принес присягу на посту президента Казахстана
Касым-Жомарт Токаев принес присягу на посту президента Казахстана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Маросими савгандёдкунии Қосим–Жомарт Тоқаев зимни ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Қазоқистон сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.  Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи чоршанбе барои бар дӯш гирифтани вазифаи Президенти Қазоқистон савганд ёд кард, иттилоъ додааст Sputnik Қазоқистон.

Маросими савгандёдкунӣ ҳангоми ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Қазоқистон сурат гирифт.

Нурсултан Назарбаев подписывает закон РК. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нурсултон Назарбоев истеъфо дод

“Савганд медиҳам, ба мардумам хизмат мекунам, қатиян консититусия ва қонунҳои кишварро риоя карда, ба мардум кафолати ҳуқуқ ва озодӣ медиҳам, вазифаи баланди Президентиро, ки бар дӯш гирифтам софдилона иҷро хоҳам кард”, - гуфт Тоқаев.

Сипас роҳбари комиссияи марказии интихобот Берик Имашев ба Тоқаев ҳуҷҷат, нишон ва орден президентӣ супорид.

“Ҳамаи дастоварду пешравиҳо дар даврони истиқлолияти Қазоқистон  ба шарофати раисҷумҳури аввали кишвар Нурсултон Назарбоев сурат гирифтааст. Назарбоев пас аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарии кишварро бар дӯш гирифт ва онро ба комёбиҳои назаррас расонд”, - таъкид кард Тоқаев.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиноси Маркази пажӯҳиши Афғонистони муосир Дмитрий Верхатуров, Тоқаевро дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд яке аз беҳтарин дипломат ба ҳисоб меравад.

“Тоқаев инсони хзуб аст. Ӯ бисёр донову дипломати хуб аст. ӯ яке аз беҳтарин дипломат дар қаламрави кишваҳои ҳамсуд ба ҳисоб меравад”.

Лентаи хабарҳо
0