Пахши мустақими Суперсезони барномаи "Ты супер!"

Обуна шудан
Давраи "Суперсезон"-и барномаи "Ту беҳтаринӣ!" бо дастгирии оҷонсии иттилоотии Sputnik дар телевизиони НТВ идома дорад. Пахши мустқими барномаро инҷо тамошо кунед

Телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалии Sputnik  ҳафтаи дувум аст, ки давраи севуми барномаи мусиқии "Ту беҳтарини"-ро баргузор мекунад.

Дар барнома кӯдакони бепарастору ятим аз хонаи кӯдакон ва ба фарздандхонӣ қабулшуда метавонанд иштирок кунанд.

Дар барнома метавон иштирокдорони давраҳои гузашта ва навро дид. Тоҷикистонро дар лоиҳа Меҳрона Ғайбуллоева, ки соли гузашта низ иштирок дошт, намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайъати ҳакамон мусиқизос Игор Крутой, овозхон Алексей Воробев, роҳбари рок-гурӯҳи  "Ночные снайперы" Диана Арбенина ва овозхон Елка ворид шуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки Меҳрона Ғайбуллоева дар ин барнома бо овозхони номӣ Албина Ҷанабаева дуэт месарояд.

Ҷанабаева пас аз ҳунарнамоии Меҳрона таъкид кардааст, ки барои ҷавонон дастгирӣ муҳим аст. Албина афзудааст, ки ӯро низ дар ҷавонӣ кӯмак ва дастгирӣ карда буданд ва ин барои Меҳрона нҳам муҳим аст.

Лентаи хабарҳо
0