Раҷаббой Аҳмадзода зимни машварати корӣ аз мансабдорони Суғд чӣ хост?

Обуна шудан
Дар бинои ҳукумати вилояти Суғд машварати кории назди Раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он масоили гуногун, аз ҷумла ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳукумати вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат ба масъулини сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки сохтмони иншооти ҷашнӣ ва корхонаҳои саноатиро зери назорати доимӣ бигиранд ва барои таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазир тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Суханронии Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модар - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд 6 ҳазору 733 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

Инчунин, раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки барои сари вақт ба роҳ мондани кишти пахта, иҷрои нақшаи кишти картошка ва омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Вай таъкид намудааст, ки соли равон барои таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳо аз буҷети вилоятӣ 6 милион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин тадбир барои бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар машварат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, ҷиҳати таҷлили шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута супоришҳо дода шуд.

Тавре қайд карда шуд, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 6500 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 300 корхонаи саноатӣ сохта мешавад. Айни замон дар садҳо иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0