Низомии зотӣ: афсари тоҷиктабори Русия дар Сурия кушта шуд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкСирийский флаг на фоне разрушенного дома в сирийском городе Маалюля
Сирийский флаг на фоне разрушенного дома в сирийском городе Маалюля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз се низомии кушташудаи Русия дар бархӯрд бо террористҳо дар Сурия, яке майор Суҳроб Каримов, зодаи Тоҷикистон будааст

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Волидони майор Суҳроб Каримови 38-сола, ки дар феҳрасти бедаракшудаҳо буд, барои ташхиси ДНК ва шиносоии ҷасади фарзандашон ба бемористони ба номи Бурденко даъват шудаанд, хабар дод ВВС.  

В районе города Киркука в Ираке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Розигии модар, 400 доллар ва қарори суд: вазир дар бораи овардани кӯдакон аз Ироқу Сурия

Ба иттилои манбаъ, дар аввал ба волидон гуфтаанд, ки ДНК мувофиқат накардааст, аммо баъдан маълум шуд, ки Суҳроб ба ҳалокат расидааст.

“Хонаводаи Суҳроб низомӣ мебошанд. Падараш ва инчунин амаки марҳумаш, ки чанд сол қабл унвони қаҳрамони Русияро гирифт. Ин унвонро барои хидматҳояш дар аввали солҳои 2000-ум ба ҳайси мушовири низомии ситоди генералӣ дар Сурия гирифтааст. Суҳроб ҳам низомии зотӣ буд. Ҳамеша ба сафи пеш мешитофт, ман ӯро медонам”, - изҳор доштаст яке аз хешонаш дар суҳбат.

Феълан маълум аст, ки Суҳроб Каримов ба Сурия тобистони соли 2018 сафарбар шуда, 9 моҳро дар онҷо гузарондааст. Ӯ хатмкардаи факултаи низомӣ – ҳуқуқии Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия буда, хидмати ҳарбияшро аз Душанбе оғоз кардааст. Баъдан дар бригадаи тирандози вилояти Амур ба ҳайси фармондеҳи баталион хидмат кардааст. Азбаски Каримов забони арабиро балад буд ва метавонист дар Сурия ба ҳайси тарҷумон низ кор кунад, ӯро ба ин кишвар равон намудаанд.

Боевики ИГИЛ в плену у сирийских спецслужб - Sputnik Тоҷикистон
Додситонӣ: 470 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон кушта шуд

Маврид ба зикр аст, ки се низомии Русия охири моҳи феврал дар Сурия ҳадафи ҳамлаи гуруҳи тақрибан 30-нафарии ҷангҷӯён қарор гирифтанд ва дар пайи ин ҳамла ин низомиён бедаракшуда ба шумор мерафтанд. Мақомоти Русия ва Сурия дар пайи кофтукоб, ҷасади онҳоро пайдо карда, ба Русия равон намудаанд.

Номи Каримов дар Тоҷикистон ҳудуди 9 сол қабл низ,  замоне, ки як кӯдаки 8-соларо аз хонаи оташгирифта наҷот дод, расонаӣ шуда буд.

Ҳалокати афсари зодаи Тоҷикистон дар Сурия дар ҳолест, ки мақомоти кишвар мегӯянд, ҳазорҳо тоҷикистонӣ ба сафи "ДОИШ" дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон то сентябри соли 2018 шумораи умумии ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0