Се сокини шаҳри Ҳисор бо ҷурми дуздӣ дастгир шудаанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Кормандони ВУД 3 ҷавони ноҳияи Ҳисорро бо ҷурми дуздӣ ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҳангоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се сокинони шаҳри Ҳисор бо ҷурми дуздӣ дастгир гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Ба хонаи мард даромаду ғорат кард: ВУД аз боздошти зане ба иттиҳоми дуздӣ хабар дод

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор мактуби роҳбарияти ҶДММ “Соҳибкор-2002” ворид шудааст, ки моҳи феврали соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заводи хиштбарории ҶДММ “Соҳибкор-2002”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор як миқдор таҷҳизотҳои заводи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 200 000 сомониро ташкил медиҳад.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар мардони 25, 28 ва 36-солаи сокинони шаҳри Ҳисор бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0