Ҷаласаи Шӯрои фармондеҳони мақомоти сарҳадии кишварҳои ИДМ дар Тошканд баргузор мегардад

© Sputnik / Алексей ПановФлаги государств СНГ
Флаги государств СНГ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи барномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадот барои солҳои 2021-2025 баррасӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҷаласаи навбатии (81-уми) Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 28 март дар шаҳри Тошканд доир мегардад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Главы государств стран СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарони кишварҳои ИДМ ба солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баёнияи муштарак судур мекунанд

Дар он роҳбарони мақомоти сарҳадии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Узбакистон иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин қарор аст, ки хадамоти ҳамоҳангсози ШФҚС, мақомоти ИДМ-Кумитаи иҷроия, Маркази зидди террористӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок, инчунин Кумитаи иҷроияи ММЗТ СҲШ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ Тоҷикистонро дар ин ҷаласа фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ намояндагӣ мекунад.

Презентация китайского электробуса в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Харидории сад автобуси чинӣ барои интиқоли муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ ба Русия

Дар рафти ҷаласа вазъ дар сарҳади берунии кишварҳои узви ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима шуда, лоиҳаи Барномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадот дар сарҳади беруна барои солҳои 2021-2025, тартиби омодасозӣ ва гузаронидани амалиёти махсуси муштараки сарҳадӣ дар марҳилаи навбатӣ, инчунин лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ барои соли 2020 баррасӣ мегарданд.

Иштирокчиёни ҷаласа ба ташкили кор дар омодагӣ ва гузаронидани Эстафедаи қад-қади сарҳади кишварҳои узви ИДМ, ки ба 75-солагии Ғалаба бар ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 бахшида шудааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба меъёрсозӣ ва фаъолияти илмию тадқиқотии муштарак баррасӣ ва як қатор қарорҳои ташкилӣ ва кадрӣ қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии 80-уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ 14 ноябри соли 2018 дар Бишкек баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0