Эълон: миёни  беҳтарин нависандагони ҷавон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар  озмун муаллифони ҷавон   метавонанд бо  мақолаҳои публисистии худ иштирок намуда қобилияти худро санҷанд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тасмим гирифтааст, ки  миёни қаламкашони ҷавон таҳти унвони “Меҳри Ватан”  озмуни ҷумҳуриявӣ доир намояд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Глобус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
3 ҳазор сомонӣ ба “Донишҷӯи сол”: Раиси вилояти Суғд озмун эълон кард

Манбаъ афзудааст, ки иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита ва  “Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022” роҳандозӣ шудааст. 

Мақсад  аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Меҳри Ватан”- ин  дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҷавонон мебошад.  Дар  озмун муаллифони ҷавон   метавонанд бо  мақолаҳои публисистии худ иштирок намоянд.  Хоҳишмандон метавонанд то 10 майи соли равон  мақолаҳои худро ба унвони Кумита ирсол намоянд.

Муаллифони  беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0