Раисҷумҳур як ҷашни нав тасдиқ кард: ба ҷои ду ид

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПодпись документа, архивное фото
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркманистон Рӯзи кормандони нақлиёт ва алоқаю Рӯзи кормандони саноати кимиёвиро ба ҷашни нав-Рӯзи саноатчиён табдил дод.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷашни нав-Рӯзи саноатчиёнро тасдиқ кард. Ин ҷашн ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи октябр қайд карда хоҳад шуд. Дар ин бора нашриёти русии "Нейтральный Туркменистан" хабар медиҳад.

Қарори мазкурро раисҷумҳур дар як маҷлис имзо кардааст.

Мувофиқи ҳуҷҷати имзошуда, ин ҷашн ба мақсади арҷгузорӣ ба меҳнати коргарони соҳаи саноат таҷлил хоҳад шуд.

Новостройка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони Туркманистон ба Душанбе омада хона месозанд

Барои таҷлили ҷашни нав дар сатҳи зарурӣ, Вазорати саноат ва коммуникатсия корхонаи давлатии "Туркменхимия"  вазифадор шудаанд. Тибқи қарори раисҷумҳур, онҳо вазифадоранд, ҷашни навро дар сатҳи баланд баргузор кунанд.

Иди нав дар асл ду ҷашни пешинро, ки соли 2017 тасдиқ шуда буданд, иваз мекунад.

Ҳамин тавр, раисҷумҳури Туркманистон Рӯзи кормандони нақлиёт ва алоқаю Рӯзи кормандони саноати кимиёвиро ба ҷашни нав-Рӯзи саноатчиён табдил дод.

Бо имзои ин қарор Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таъкид карда, ки "рушди ҳамаҷонибаи соҳаи саноат ва истифодаи ашёи хоми ватанӣ боиси пешрафти иқтисоди давлат ва некуаҳволии мардум хоҳад буд".

Лентаи хабарҳо
0