ВУД дар бораи барқдуздӣ хабар дод: як мард ба "Барқи тоҷик" 45 ҳазор сомонӣ зарар расонид

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЭлектрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото
Электрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ аз соли 2000-ум дар манзили истиқоматиаш 4 коргоҳ сохта, барои истифодаи он барқ медуздидааст

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз барқдуздии як сокини кишвар хабар додааст, ки қариб тайи 20 сол барои истифодаи коргоҳҳояш барқ дуздида, ба "Барқи тоҷик" бештар аз 45 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Панҷруди ноҳияи Ҳамадониро, бо гумони расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир кардаанд.

"Номбурда, аз соли 2000-ум дар хонаи истиқоматиаш ғайриқонунӣ 1-адад осиёбӣ ордгардонӣ, 1-адад осиёби ҷуворимакка, 1-адад сехи хишти сементӣ ва 1-адад сехи пахтатозакунакро муҷаҳҳаз гардонида, бе ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро истифода бурдааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

Дар асоси санади Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб, таҳти №78 аз 15 марти соли 2019, номбурда ба давлат ба маблағи 45 ҳазору 596-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. 

Нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қ-1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ширкати "Барқи тоҷик" аз зиёиёну рӯҳониёни тоҷик дархост карда буд, ки дар байни аҳолӣ ҷиҳати саривақт пардохтани пули барқ,  сарфаи он ва надуздидан корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил кунанд.

Лентаи хабарҳо
0