Муди тоҷикӣ: донишҷӯёни тоҷик либосҳояшонро ба намоиш гузоштанд

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Либосҳо бо омезиши тарҳи миллӣ ва замонавӣ, истифодаи унсурҳои қуроқ ва мӯҳра, тавъамгардонии рангҳои гуногун ва нақшу нигори миллӣ таҳия гардидаанд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз намоиши тамсилаҳои муди либос таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ аз ҷониби Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Осорхонаи миллӣ таҳия гардида, дар он намунаи тарҳи либосҳо, ки аз ҷониби муҳассилин ва хатмкунандагони Донишкадаи болозикр омода шудааст, ба намоиш гузошта шуда буд.

Празднование Навруза на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Аз се тон оши палав то куштӣ: таҷлили Наврӯз дар ВДНХ Маскав-Навор

Намоиш бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ҳусни оғоз ёфт.

Қайд гардид, ки намоиши мазкур анъанавӣ буда, соли дуввум баргузор мегардад ва дар он донишҷӯён дастовардҳои худро аз Наврӯзи қаблӣ то Наврӯзи имсола пешкаши ҳаводорони мӯд мегардонанд. 

Маҷмӯи либосҳои зебову гуногунранг, ки бо омезиши тарҳи миллӣ ва замонавӣ, истифодаи унсурҳои қуроқ ва мӯҳра, тавъамгардонии рангҳои гуногун ва нақшу нигори миллӣ таҳия гардида буданд, аз ҷониби бинандагон бо кафкӯбиҳои дурудароз истиқбол ёфтанд.

Донишҷӯён маҷмуаи либосҳои худро бо номҳои «Насими наврӯз», «Нафаси баҳор», «Рӯзу шаб», «Осмони кабуд», «Гулдухтарони тоҷик» ва унвон карда буданд, ки ин диққати аҳли толорро боз бештар ҷалб намуд.

Лентаи хабарҳо
0