Низомиёни афғон минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз толибон пок карданд

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкТаджикские пограничники. Фото из архива
Таджикские пограничники. Фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти афғон минтақаи Арганҷ-Хва дар вилояти Бадахшонро, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, аз "Толибон" озод карданд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Низомиёни афғон бори дигар минртақаи Арганҷ-Хваро дар шимолу шарқи вилояти Бадахшон таҳти назорати ҳукумати расмӣ қарор доданд. Ёдрас мешавем, минтақаи мазкурро 3 рӯз пештар гурӯҳи террористии "Толибон" ғасб карда буданд.

Ҷангиёни ҳаракати террористӣ рӯзи ҷумъа, ҳафтаи гузашта пас аз 20 соати задухӯрд бо қувваҳои афғон Арганҷ-Хваро наҳти назорати худ гирифтанд.

Дар даргирии байни мақомоту толибон 30 низомии афғон, чанд тан аз қувваҳои маҳаллӣ кушта шуданд ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ гаштанд.

Тавре хабар дода мешавад, қӯшунҳои ҳукуматӣ бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва задухӯрдҳо тавонистанд минтақаро дубора зери назорати ҳукумат қарор диҳанд.

Гуфта мешавад, 14 ҷангии ҳаракати "Толибон", аз ҷумла яке аз саркардагони онҳо - Ҳалим безарар гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0