Интернетро арзон кунед: БОР коҳиши рушди Тоҷикистонро пешгӯӣ кард

© wikimedia.orgАзиатский банк развития. Архивное фото
Азиатский банк развития. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки осиёии рушд пойбандии иқтисоди Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар таъкид карда, пешгӯӣ намудааст, ки рушди он дар солҳои 2019 ва 2020 нисбати соли 2018 заифтар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Тибқи пажуҳиши БОР, ки зери унвони “Бознигарии рушди Осиё – 2019” нашр шудааст, рушди ММД Тоҷикистон дар соли 2019 ба 7% ва соли 2020 ба 6,5% баробар хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки ин нишондод соли 2018 муодили 7,3% буд.

Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андоз ҳам розӣ: нархи интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад

Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик тасмим гирифтаанд, нархи интернетро боло баранд, Прадип Шривастава, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки арзон ва босифат кардани интернет барои кишвар метавонад суди зиёди иқтисодӣ биёрад.

“Тоҷикистон метавонад аз таҳкими инфрасохтори технологияи коммуникатсионӣ, арзон ва беҳтар кардани дастрасӣ ба интернет, ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ барои сармоягузорӣ дар хадамоти интиқоли садо ва додаҳо манфиати зиёди иқтисодӣ бигирад”, - изҳор доштааст Прадип Шривастава.

Ӯ афзудааст, ки беҳбуди таълими ҷавонон низ барои Тоҷикистон манфиатовар хоҳад буд.

БОР инчунин тавсия додааст, ки барои халосӣ аз пойбандии омилҳои хориҷӣ, Тоҷикистон бояд тавлидоти дохилӣ ва содиротро густариш диҳад. БОР бори дигар зикр намудааст, ки феълан кам будани молҳои содиротӣ, вобастагӣ аз маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирон ва тавозуни манфии тиҷорати хориҷӣ, Тоҷикистонро аз омилҳои берунӣ осебпазир кардааст.

Google поиск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои ВАО дар бораи қиматшавии интернет, мудирияти нодурусти соҳа ва пайомадҳои он

Ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид намудааст, ки густариши истеҳсолоти дохилию содирот иқтисоди Тоҷикистонро таҳким мебахшад. Аз ҷумла дастгирии кишоварзон, ташкили ассотсиатсияҳои бозорёбӣ метавонад барои беҳбуди зиндагии рустонишинҳо мусоидат кунад.

БОР инчунин тавсия додааст, ки камбудиҳои фазои сармоягузорӣ, аз қабили расмиёти мушкили оғози соҳибкорӣ, пардохтҳои гарони гумрукӣ, расмиёти ҳамлу нақл, дастрасии маҳдуд ба қарз ва мудирияти бахши андоз, ки сармоягузорони хусусиро ҳавасманд намекунад, бартараф гарданд.

Лентаи хабарҳо
0