Футбол ба ҷои тиру санг: “Дӯстӣ – 2019” бо иштироки Шоҳ Искандар ва фаъолони тоҷику қирғиз

© сомонаи ВУД ТоҷикистонҲамоиши "Дӯстӣ - 2019" миёни масъулин ва сокинони фаъоли навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳамоиши Дӯстӣ - 2019 миёни масъулин ва сокинони фаъоли навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз баргузории ҳамоиши байналмилалии “Дӯстӣ – 2019” бо иштироки фаъолон ва масъулини мақомоти тоҷику қирғиз дар шаҳри Гулистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳамоиши мазкур 6-7 апрел барои таҳкими дӯстии тоҷикону қирғизҳо, ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид.

Имзои суратҷаласа аз ҷониби Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси табодули замин: шарҳи Ҳукумат дар бораи гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Манбаъ афзуд, ки дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, фаъолон ва ҷавонони навоҳии наздимарзӣ таҳти роҳбаладии мушовири вазири умури дохилии Тоҷикистон, полковник Ориф Ҷураев ва муовини сардори РВКД-и Қирғизистон полковник Усанов Арстан Аманович иштирок доштанд.

Бар асоси гузориши аксӣ аз ҷараёни ҳамоиш, дар чорабинӣ инчунин генерал Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи мухолифин ва сардори феълии ШКД дар шаҳри Исфара низ иштирок кардааст.

Дар доираи ин лоиҳа инчунин баргузории мусобиқаҳои варзишии футбол ва волейбол дар назар аст, иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ афзуд, ҷонибҳо, ки шоҳиди чандинкаратаи нофаҳмиҳо дар роҳи наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд будаанд, нофаҳмияҳоро баррасӣ намуда, таъкид кардаанд, ки ки танҳо дӯстӣ, муросову якдигарфаҳмӣ, риояи одоби ҳамсоядорӣ метавонад муамморо бартараф ва шароити арзандаи зиндагиро фароҳам орад.

Лентаи хабарҳо
0