Тоҷикистон дар Чин ғолиби мусобиқаи “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” шуд

© акс аз сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонДастаи мунтахаби футболбозони то 15-солаи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболбозони то 15-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболбозони то 15-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Чин ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” гардид

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, футболбозони навраси тоҷикистонӣ дар даври ниҳоӣ бо тими наврасони кишвари мизбон – Чин бозиро мусовӣ – 0:0 анҷом доданд.

Ҳамоиши Дӯстӣ - 2019 миёни масъулин ва сокинони фаъоли навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Футбол ба ҷои тиру санг: “Дӯстӣ – 2019” бо иштироки Шоҳ Искандар ва фаъолони тоҷику қирғиз

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар ду даври аввал бар тими наврасони Қирғизистон - 8:0 ва Миёнмор - 5:0 пирӯз шуда буданд.

Мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин барои тими мунтахаби наврасони мо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентябр доир мегардад, ба ҳисоб мерафт.

Дар сабқат бо Қирғизистон голҳоро Муҳамадворис Сайдалиев, Абдуфаттоҳ Худойдодзода, Кабир Салимшоев, Раҳматшо Раҳматзода ва дар бозӣ бо Миёнмор голҳоро Хусрав Тоиров, Меҳрубони Абдурауф, Муҳаммадворис Сайдалиев, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Муҷовид Шовайсудинов ба ҳадафҳо расонданд.

Лентаи хабарҳо
0