Қосим – Жомарт Тоқаев аз Узбакистон боздид мекунад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев на пресс-конференции по итогам российско-казахстанских переговоров с президентом РФ Владимиром Путиным
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев на пресс-конференции по итогам российско-казахстанских переговоров с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қосим – Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури феълии Қазоқистон аз Узбакистон боздид мекунад

ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, нахустин сафари расмии Қосим – Жомарт Тоқаев ба Узбакистон 14-15-уми апрел дар назар аст.

Прилет президента Казахстана  К.-Ж. Токаева - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин сафар: Тоқаев вориди Маскав шуд

Интизор меравад, ки Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намоянд.  Инчунин роҳбарони ду кишвар дар маросими расмии оғози Соли Қазоқистон дар Узбакистон иштирок хоҳанд кард.

Тоқаев нахустин сафари хориҷияшро аввали моҳи апрел ба Русия анҷом дода буд.

Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Нурсултон Назарбоев пеш аз эълони истеъфояш аз мақоми раисиҷумҳури Қазоқистон Владимир Путинро огоҳ карда буд.

Песков  таъкид кард, ки Назарбоев бо Путин дар мавриди ҷойгузинаш  маслиҳат накардааст, танҳо зарур донист, ки ӯро огоҳ кунад.

Шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президентӣ дар Қазоқистон масъулияти раисҷумҳурӣ бар дӯши раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева дар мақоми роҳбари Сенат ҷойгузини Тоқаев гашт.

Лентаи хабарҳо
0