БДА қонуншикании ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшон ва Талко Персияро ошкор кард: рӯйхати ВУД

© Sputnik / Стас ЭтвешДорога в городе Душанбе, архивное фото
Дорога в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти иловагии ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Азизмамадов Парвиз бо худрави "Мерседес Бенс" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 57 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

На дороге в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷаримагурезии "Талко Персия" то "Шоҳроҳи Бадахшон": нашри рӯйхат дар ВКД

ЛИАЗ-5256-и мутаалиқ ба ширкати КГУП Автобус-1, 27  бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "ВАЗ 21140"-и Рустамҷони Асомуддин сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст.

Ӯ 21 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Миёни ронандагони ҷаримагурез исми се зан-Хайбарова Сайнисо, Азизова Тоҷиниссо ва Алимова Ҷамила ҳам номбар шудааст.

Қонуншиканӣ ва ҷаримагурезии занони мошинсавор: рӯйхати ВУД

Ҳамчунин БДА, қонуншикании ширкатҳои ҶСП Холдинги Осиё Гурӯҳ, ҶДММ Талко-Персия, ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшонро ошкор кардааст.

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 15 апрел, рӯйхати 24 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0