Раҳмон дар оромгоҳи "Сарбози номаълум" гулчанбар гузошт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Э. Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве
Президент Таджикистана Э. Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Русия эҳтиром ба ҷо овард

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Имрӯз, 17 апрел раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия дар оромгоҳи "Сарбози номаълум" дар шаҳри Москваи гулчанбар гузошт, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Президенти кишвар.

Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Путинро ба Тоҷикистон даъват кард

Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста будаанд.

Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додааст.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ, ки нишонаи поси хотир ва қадрдонии сарбозони дар  роҳи озодӣ қурбоншуда мебошад, гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Русия эҳтиром ба ҷо оварданд.

Дар ин маросим раисҷумҳурро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамроҳӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Худи ҳамон рӯз, кишвардор бо раиси Думаи давлатии Русия - Вячеслав Володин, сарвазири кишвар Дмитрий Медведев ва намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт кард.

Имрӯз мулоқоти сатҳи олии кишварҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0