Коршинос роҳҳои беҳтар ворид намудани маҳсулоти Тоҷикистонро ба бозорҳои Русия тавзеҳ дод

© Пресс-служба Совета Федерации РФПервый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по аграрно-продовольственной политике и природопользованию Сергей Лисовский
Первый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по аграрно-продовольственной политике и природопользованию Сергей Лисовский  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сергей Лисовский, ноиби аввали Кумитаи кишоварзии Шӯрои Федератсияи Русия паҳлуҳои мусбати бунёди маркази тавзеъи маҳсӯлотро шарҳ дод

Ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз муҳим будани сохтмони маркази тавзеъи маҳсӯлот дар Тоҷикистон барои гардиши молу маҳсулоти ду кишвар таъкид кард. Путин қайд намуд, ки ташкили ин марказ шароити содироти маҳсулоти Тоҷикистонро ба бозорҳои Русия беҳтар хоҳад кард.

Эксперт рассказал, как Таджикистану продвинуть свою продукцию на рынок РФ

“Ин иқдом метавонад раванди гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистонро ба бозорҳои Русия беҳтар намояд. Маҳсулоте, ки Тоҷикистон ба Русия содирот мекунад тариқи Қазоқистон ё Қирғизистон сурат мегирад ва онҳо қисман қонунӣ мебошанд. Таҳвилгарон барои ворид намудани маҳсулоти қисман қонунӣ ба Русия, роҳҳои фиреб меҷуянд. Маҳз ҳамин сабаб шудааст, ки барои истеҳсолкунандагони тоҷик содироти маҳсулотро ба бозорҳои Русия осон намоем”, - гуфт Лисовский дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Сергей Лисовский инчунин таъкид намуд, ки ба таъхир андохтани сохтмони маркази тавзеъи маҳсӯлот ба манфиати Тоҷикистон нест ва ҷумҳурӣ метавонад ҳиссаи худро дар бозори Русия гум кунад.

Лентаи хабарҳо
0