Борони кӯтоҳмуддат: пешгӯии обуҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЗонт с надписью "Я люблю дождь"
Зонт с надписью Я люблю дождь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон
“Моро мумкин ин сел барад”: навори сели мудҳиш дар Хатлон

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Танҳо дар охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор аз ҳавои номусоиди ду рӯзи ахир: боду борони шадид, раъду барқ, селу сангрезиш

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рўзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0