Таҷдиду навсозии НБО “Қайроқум” моҳи май оғоз хоҳад шуд

Мувофиқи лоиҳа, таҷдиди НБО “Қароқум” ва иншооти ёрирасону гидротеникии он бояд марҳила ба марҳила аз нав карда шуда, иқтидори неругоҳ аз 126 МВт ба 174 МВт расонида шавад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Моҳи майи соли равон татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғоз мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар истинода ба мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода.

Кайраккумская ГЭС Дружба народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъд аз таҷдиду навсозӣ иқтидори НБО Қайроқум 35 дарсад афзоиш меёбад

Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд,  Бонки сармоягузории  Аврупо ва “Фонди байналмилалии иқлими сабз” дар ду марҳила амалӣ мегардад.

Бино бар иттилои манбаъ, муҳлати татбиқи лоиҳа аз оғози корҳо то интиҳо 57 моҳро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи якуми лоиҳа 71 миллион доллар ва дар марҳилаи дуюм 88 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Маблағи умумии татбиқи лоиҳа 159 миллион доллар ро ташкил медиҳад.

Пудратчии асосии марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и “Қайроққум” низ муайян гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки баъд аз барқарорсозиву таҷдиди нерӯгоҳзи барқи обии Қайроқум иқтидораш 35 дарсад зиёд карда мешавад.

Нерӯгоҳи Қайроқумро ширкати GE Renewable Energy таҷдиду навсозӣ хоҳад кард.

“Иқтидори умумии НБО Қайроққум баъд аз навсозӣ 35 дарсад афзоиш ёфта, ба 174 МВт мерасад”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти  ширкати GE Renewable Energy.

На стройплощадке Рогунской ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи агрегати дувуми "Роғун" мавқуф шуд

Ширкати GE Renewable Energy эълон намуд, ки бо ширкати “Барқи тоҷик” барои таҷдиду навсозии шаш гидроагрегати НБО Қайроқум созишнома ба имзо расонидааст.

Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум дар Сирдарё дар солҳои 1956-1957 сохта шудааст ва дорои 6 гидроагрегат аст, ки иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад. Иқтидори умумии НБО Қайроққум - 126 ҳазор кВт аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала