Ҷасади тоҷикони дар Қазоқистон ҷон дода, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад

CC0 / Pixabay / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамаи ҳалокшудагон узви як хонавода-се бародар ва як хоҳарзода будаанд.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Ҷаркаини вилояти Ақмола хароҷоти интиқоли ҷасади чор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар таҳхона заҳролуд шуда ҷон бохтанд, пурра бар зиммаи худ мегирад.

Sputnik Қазоқистон ҳаводиси маргборро аз қавли ҳукумати ноҳияи Ҷаркаин чунин нақл мекунад.

Чаҳор ҷавонмард дар таҳхона ҷон доданд

Ҳодиса 18 апрел, тақрибан соатҳои 19 дар ноҳияи Ҷаркаини вилояти Ақмолаи Қазоқистон дар манзиле дар кӯчаи Мир рух додааст. Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба таҳхона даромада заҳролуд шудаанд. Сетояшон дар ҷои ҳодиса ҷон додаанду писари 16-сола дар беморхона вафот кардааст. Ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷкистон мебошанд.

Чаро онҳо ба Қазоқистон омадаанд

Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Марги 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз заҳри картошкаи пӯсида дар таҳхонае дар Қазоқистон

"Шаҳрвандони Тоҷикистон 16 апрели соли равон ба Қазоқистон омадаанд. Солҳост, ки онҳо ҳар баҳор ба ин ҷо меоянд. Заминкорӣ мекунанд, сабзавот мекоранду мефурӯшанд ва пас ба Тоҷикистон бозмегарданд",-гуфтанд дар ҳокимияти ноҳия.

Гуфта мешавад, ки онҳо таҳхонаеро иҷора гирифтаанд, ки дар он ҳосили порсолаи худро нигоҳ медоштанд.

"Ҳамон рӯз онҳо хостаанд, сабзавоти пӯсидаро барчинанд. Яке паси дигар ба таҳхона фаромадаанд. Наврас 16-сол дошт. Се мард бо ҳам бародар буда, наврас ҷиянашон-писари хоҳарашон будааст. Ҳамаи онҳо ҳалок шуданд. Маъмулан ҳар сол онҳо се-чор касӣ ба Қазоқистон меомаданд",-тавзеҳ доданд дар мақомот.

Чи гуна ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан интиқол дода мешавад

Дар ҳоли ҳозир ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон барои ташхис ба шаҳри Есил бурда шудааст ва пас аз санҷиш, ба шаҳри Нурсултон оварда мешавад.

"Пагоҳ мо барои ҳавопаймо чипта харидорӣ кардем. Ногуфта намонад, ки яке аз се бародар дар Қазоқистон зан ва ду фарзанд доштааст, ки онҳо ҳам ҳамроҳи ҷасади падарашон ба Тоҷикистон равон карда мешаванд. Ҷониби Қазоқистон ба хонавода ва наздикони кушташуда барои баргузории маросими дафн кӯмаки молӣ хоҳад кард. Бо сафорти Қазоқистон дар Тоҷикистон дар суҳбат ҳастем ва то расидан ба нуқтаи охирин дар алоқа хоҳем буд",-хулоса карданд дар ҳокимияти ноҳияи Ҷаркаинии Қазоқистон.

Лентаи хабарҳо
0