Зироат Мирзиёева ҳамсари президенти Кореяи Ҷанубиро ба сӯҳбати мардум бурд

© Фото: УзАЗироат Мирзиёева
Зироат Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонуи рақами яки Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба чанд муассисаи фарҳангиву иҷтимоӣ рафтанд. Ба Ким Чжон Сук анъанаи "Келин салом" бисёр писанд омад

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ким Чжон Сук бо ҳайъати кишвараш ба Узбакистон сафар карданд. Дар ҳоле ки Мирзиёев ва ҳамтои кореягиаш бо имзои санадҳои муҳим машғул буданд, ҳамсарони онҳо ба тамошои Узбакистон ва сӯҳбати мардум баромаданд.

© Фото: УзАЗироат Мирзиёева и Ким Чжон Сук
Зироат Мирзиёева ҳамсари президенти Кореяи Ҷанубиро ба сӯҳбати мардум бурд - Sputnik Тоҷикистон
Зироат Мирзиёева и Ким Чжон Сук

Тавре расонаҳои кишвар хабар медиҳанд, Зироатхон аввал бонуи кореягиро ба боғчаи кӯдаконаи ноҳияи Яккасаройи Тошканд бурдааст. Онҳо бо таълим ва бинои боғча шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён сӯҳбат кардаанд. Зироат Мирзиёева ва Ким Чжон Сук ҳатто дар дарсҳои таълимии боғча иштирок кардаанд.

© Фото: УзАЗироат Мирзиёева и Ким Чжон Сук
Зироат Мирзиёева ҳамсари президенти Кореяи Ҷанубиро ба сӯҳбати мардум бурд - Sputnik Тоҷикистон
Зироат Мирзиёева и Ким Чжон Сук

Ба меҳмони олӣ бештар намоиши либосҳои миллӣ ва анъанаи "Келинд салом" - қабули арӯси узбакӣ писанд омадааст.

Сипас Мирзиёева ҳамсари президентро ба хонаи пиронсолони шаҳри Тошканд бурдааст.  Онҳо бо бошандагони хона муошират карда, ба муассиса автобус тӯҳфа кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0