Рустами Эмомалӣ дар Рашт майдончаи варзишӣ месозад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкДети играют в футбол, архивное фото
Дети играют в футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт майдончаи муосири варзишӣ бунёд мекунад

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Майдончаи мазкур соли равон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, хабар додааст “Ховар”.

Отборочный этап Азии-2017 по женскому футболу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бонувон футболбози тоҷик ба мусобиқаи Women’s International Gold Cup 2019 рафтанд

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии ҷавонони дурдасти деҳот роҳандозӣ мегардад.

 “Майдончаи варзишии мазкур дар доираи лоиҳаи махсуси Шӯрои олимпии Осиё бо тамоми шароити муосир сохта мешавад”,- иттилоъ дод “Ховар” аз қавли Кумитаи ҷавонон ва варзиш.

Кумита зикр кардааст, ки соли равон инчунин дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  – шаҳри Хоруғ 8 майдончаи замонавӣ бунёд карда мешаванд.

Ин дастгириҳои Шӯрои олимпии Осиё дар ҳолеянд, ки ахиран Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудааст. Дар даври қаблӣ Рустами Эмомалӣ, узви Кумитаи ОСА дар умури муносибатҳои байналмилалӣ буд.

Лентаи хабарҳо
0