"Хаста шудам": Украина президенти навашро интихоб кард-Владимир Зеленский

© REUTERS / VALENTYN OGIRENKOЗеленский побеждает во II туре выборов президента Украины
Зеленский побеждает во II туре выборов президента Украины  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарпеша ва ҳаҷвнигор-Владимир Зеленский президенти Украина интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Пас аз эъломи натиҷаи интихобот аз ҷониби exit poll Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

Тибқи гузориши exit poll ба ҷонибдории Зеленский 72,7 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. Раисҷумҳури кунуниро танҳо 27,3% украиниҳо дастгириӣ карданд.

"Зеленский – 72,7% овоз, Порошенко – 27,3%,", - натиҷаҳои интихобот тибқи гузориши exit poll шабакаи "1+1".

Дебаты кандидатов в президенты Украины - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: пешсафии дубораи Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Фаврӣ: пешсафии дубораи Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Ҳамин тавр дар шарқи  Украина ҳунарпешаро 88% аҳолӣ ва раисҷумҳури кунуниро 12% мардум дастгирӣ кард.

Дар ғарби кишвар ба ҷонибдории Зеленский  56%, ба тарафдории Порошенко бошад - 43,6% овоз доданд.

Пас аз эъломи натиҷаи интихобот Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

"Ваъда медиҳам, ки ҳич гоҳ шуморо пушаймон намекунам",-гуфт Зеленский.

Ба ситоди интихоботии Владимир Зеленский пулис омад

Ҳунарманд қайд кард, ки пирузиро тамоми Украина ба даст овард. Ҳамчунин Зеленский гуфт, ки табъаш болида ҳаст, вале монда шудааст.

"Ҳолам хуш аст, вале агар росташро гӯям, мехоҳам каме истироҳат кунам",-гуфт Зеленский.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала