Бобохонову Сабзаев ҳам дар ҳолати мастӣ мошин мерондаанд

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як қатор ҳолатҳои идораи воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ ошкор намудаанд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3367 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 6 ҳолати мастӣ ошкор  шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Скорая помощь в Казахстане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи ВУД Қазоқистон дар бораи марги 11 кас ва захми 29 тан дар садама-видео

Мувофиқи маълумоти манбаъ чунин ҳолатҳои қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудаанд:

-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;

-Бе рақами қайди давлатӣ – 9 адад;

-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 90 адад;

-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 65 адад;

-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 23 адад;

-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 4 адад;

-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 26 адад;

-Худсарона баромадан аз хати сайр – 41 адад;

-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –189 адад;

-Вазъияти хавфнок – 6 адад;

-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 601 адад;

-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон –714 адад;

-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;

-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1082 адад;

Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ мебошад.

Крупная авария в Нур-султане - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи бузург дар Нурсултон: 30 кас маҷрӯҳ шуданд - навори мудҳиши садама

Аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Бобохонов Аюбҷон Раҳмонқулович – ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 2199”, рақами қайди давлатиаш 5597 DD 07

Фатҳуллоев Шерзод Асрорович – ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай”, рақами қайди давлатиаш 8001 ТТ 05

Ашуров Ҳокимҷон Раҳмонович - ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЕУ-Леганзе”, рақами қайди давлатиаш 4349 НН 01

Сабзаев Манучеҳр Бобоҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, рақами қайди давлатиаш 0009 DD 08

Икромов Холмурод Ҷураевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 2683 СС 03

Ниёзов Суҳроб Абдусаторович – ронандаи автомашинаи тамғаи “Нисан-Максима”, рақами қайди давлатиаш 6054 РР 01

Лентаи хабарҳо
0