Ҳалокати кӯдак аз зарби “Лексус-RX 350”-и Ахмедов дар Душанбе - акс

CC0 / Pxhere / Одинокий ребенок на улице, архивное фото
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе аз садамаи маргбор хабар доданд, ки дар пайи он як кӯдак ҷон додааст

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Тибқи иттилои раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, ҳодиса 19-уми апрели соли 2019, тахминан соати 12:20 рух дод.

Президента Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон таркишҳои хунини ибодатгоҳҳо дар Шри-Ланкаро маҳкум кард

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадсолеҳ Ахмедов, сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-RX 350”, рақами қайди давлатиаш 0011ХО01 дар кӯчаи Хуҷамбиёи Поён, Анас Гулови 9-соларо зер кардааст.

“Ахмедов Муҳаммадсолеҳ, ронандаи “Лексус-RX 350”, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, аз тарафи кӯчаи Карамов ба самти дидбонгоҳи ноҳияи Варзоб, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Хуҷамбиёи Поён, пиёдагарди ноболиғ, Гулов Анас Хуршедович, соли таваллудаш 2010, сокини кӯчаи зикргардидаро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

© сомонаи РВКД ДушанбеМуҳаммадсолеҳ Ахмедов, ронандаи 23-солаи “Лексус-RX 350”, ки дар зер кардани кӯдак дар Душанбе айбдор мешавад
Ҳалокати кӯдак аз зарби “Лексус-RX 350”-и Ахмедов дар Душанбе - акс - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадсолеҳ Ахмедов, ронандаи 23-солаи “Лексус-RX 350”, ки дар зер кардани кӯдак дар Душанбе айбдор мешавад

Манбаъ афзуд, дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

РВУД Душанбе таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0