Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз муноқиша сар зад: гаравгонро ба волидонаш супурданд

© пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди Тоҷикистон навраси 9-солаи қирғизро, ки бо санг шишаи экскватори ӯро зада шикаста буд, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Муноқишаи навбатӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз тарафи марзбонон хомӯш карда шудааст, иттилоъ додааст РИА Новости дар истинод ба маркази матбуотии хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Имзои протокол: роҳ ба Ворух кушодаю роҳи Оқсой – Тамдиқ сохта мешавад

Ба иттилои манбаъ, рӯзи душанбе шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати Ворух писарбачаи 9-солаи қирғизро, ки шишаи экскватори ӯро зада шикаста буд, боздошт карда, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурд.

Шаҳрванди Тоҷикистон рудхонаи дарёро тоза мекардааст дар ин ҳол писарбачаи қирғиз омада шишаи экскватори ӯро зада шикастааст. Баъди дастгир кардану ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурдани ӯ аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон, 50-60 қирғиз аз деҳаи Оқсой бо ҷамъ шуда муноқиша бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол кормандони ҳифзи ҳуқуқи тоҷик писарбачаи қирғизро ба зудӣ ба қирғизҳо супурдаанд, бо ин ҳам қирғизҳо он ҷоро тарк накарда, муноқиша кардаанд. Танҳо марзбонони ҳарду ҷониб тавонистаанд муноқишаро хомӯш кунанд.

“Бо мақсади идора кардани вазъ дар марзи ҳарду кишвар дар ҳамин рӯз намояндагони марзбонии Қирғизистон дар ҳудуди Ботканд ва намояндагони марзбонии Тоҷикистон  оид ба ноҳияи Исфара мулоқот барпо намуданд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии хадамоти сарҳадии Қирғизистон.

Ғайр аз ин роҳбарони хадамоти марзбонии ҳарду кишвар дар суҳбати телефонӣ, зарурияти риоя кардани бандҳои созишномаҳои пештар ба имзо расидпро, таъкид намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала