Куҳпораҳо роҳи Душанбе – Чаноқро бастанд - акс

Обуна шудан
Ширкати IRS аз лағжиши куҳпораҳои азим ва сангфароиҳои зиёд дар масири Душанбе – Чаноқ хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Тибқи иттилои IRS, барфрезию борони шадид дар минтақаи Зарафшон, алалхусус наздикии нақби "Истиқлол"  идома дошта, селу сангфароӣ хеле зиёд аст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки бинобар офатҳои мазкур бо мақсади таъмини амнияти ронандагону мусофирон ҳаракат дар масири Душанбе – Чаноқ феълан масдуд мебошад.

Ин ширкат қаблан изҳор дошта буд, ки бинобар зиёд гардидани сангрезӣ ва лағжиши куҳпораҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 20:00-и 24 апрел масдуд шудааст. IRS таъкид кард, ки басташавии роҳ аз ҳар ду ҷониб сурат гирифта, он бо мақомоти Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ 60 ҳазор сокинонро аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонд

Ин дар ҳолест, ки субҳи 24 апрел дар пайи селфароӣ дар ноҳияи Файзобод ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Ахиран Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳавои номусоид дар кишвар то охири моҳи равон боқӣ хоҳад монд.

Ожонси обуҳавошиносӣ таъкид кард, ки  шаби 24 ба 25 апрел  дар натиҷаи  боридани боронҳои шиддатнок  якбора баландшавии сатҳи оби  дарёҳои Ёхсу, Қизилсу  Хингоб, Кофарниҳон  ва Варзоб аз эҳтимол дур нест.  Инчунин  ба иттилои манбаъ, дар  қисми зиёди минтақаҳои  ҷумҳурӣ хатари  фаромадани сел ва ярч  дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0