Қадами Қурбон маънии “сари поворот” ва сабаби надоштани дӯстдошта дар ҷавониро гуфт

© саҳифаи расмии овозхон Ҷонибек МуродовОвозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав
Овозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қадами Қурбон, овозхони шинохтаи тоҷик дар бораи ҳикмати “сари поворотай”, сабаби надоштани дӯстдухтар дар ҷавонӣ, танқидҳо, вокуниши ҳамсар ба пеши пои ҷавондухтар афтиданаш дар намоҳанг ва сафараш ба Русия гуфт

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Қадам Қурбон дар барномаи “Шоми рӯз”-и радиои “Имрӯз” зимни посух ба суол дар бораи танқид аз сӯи ҳампешагонаш гуфт, “танқид меваи коммунизмай, ҳар қадаре маро танқид мекунанд, ҳамон қадар номусам меояд”.

Ӯ афзуд, “ягон майда зиқ намешавам, дар ҳамин ҷодаи худам рафтан мегирам”.

Дар мавриди хитобаш ба муҳоҷирони тоҷик зимни сафари ахир ба Русия, ки “моро инҷо меҳри шумо ва кисаи холӣ овард”,  Қадами Қурбон гуфт, бале инро ботантана изҳор дошта буд. Ӯ таъкид намуд, ки сарфи назар аз масоили киса, дӯстону он маконро дид.

Ӯ гуфт, ҳадаф дидори дустон буд ва ҳазломез илова намуд, ки рафтем, ҷои шиштанамон наёфтанд, 14 рӯз “чухтакӣ” истодем, омадем.

“Чизе дар хона набуд, пешамон оварданд”, - шӯхиомез афзуд овозхон.

Дар мавриди ошиқӣ дар ҷавонӣ Қадами Қурбон гуфт, дӯстдошта надошт ва инро ба сабзинаранг буданаш рабт дод.

“Қатим ҳеч кас намегашт, гапамро ягон кас намегирифт. Сиёҳай гуфта, қатим ҳеч кас намегашт”, - тавзеҳ дод овозхон.  

Ба гуфтаи Қадами Қурбон таъкиди  “Сари паваротай” фалсафаи худро дошта, барои наҷоти ҳаёти инсонҳо мусоидат мекунад.

“Инро ба хотири ронандагоне кардам, ки роҳи дур мераванду шаб хобашон мебарад, ман хабар медиҳам, ки сари паваротай, эҳтиёт, ки роҳро миёнабур накунед. Ҳамин хел чанд нафара наҷот медиҳем”, - тавзеҳ дод овозхон.

Дар мавриди намоҳанги нахустинаш Қадами Қурбон гуфт, Ҷонибек Мурод ваъда дод, ки намоҳангро то наврӯзӣ пешниҳод мекунад ва онро иҷро кард.

Қадами Қурбон илова намуд, ки дар намоҳанг аз болои девори ҳавлияш худро чанд бор ба пеши духтар партофт ва занаш низ ба ин амал вокуниш нишон дод.

“Он ҷо пушти духтар медавам, 15 маротиба пеши пои духтар худро партофтам. Ин оилаам гуфт, ки чиба худатро ин қадар дар пеши пои духтар мепартоӣ? Гуфт, як маротиба дар пеши пои ман худро ҳамин тавр парто, то мурдан ҳурматат мекунам. Ман гуфтам, ки хап кун, сенарияаш ҳамин хел аст. Ман “звезда” шуда истодаам”, - гуфт Қадами Қурбон.

Овозхон дар барномаи “Шоми рӯз” қуллоғи бисёр, раҳмати калон-гӯён аз мухлисон миннатдорӣ карду гуфт, орзую шиораш дар зиндагӣ хушбахтии ҳамагон, аз ҷумла худи ӯ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0