Вазорат: маош дар Душанбе, Суғд, Хатлон ва ВМКБ аз 6 то 19 фоиз афзоиш ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, маоши миёна дар кишвар ба 1261,6 сомонӣ баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи ниҳодашон гуфт, ба ҳолати 1 феврали соли 2019 музди миёнаи меҳнат 1261,6 сомониро ташкил дод.

Встреча главы Таджикистана Эмомали Рахмон и председателя КНР Си Цзиньпина - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмону Ҷинпин фурӯши мева, таъсиси Фонд, маодин ва террору ҷудоихоҳиро баррасӣ карданд

Ба гуфтаи Маҳмадуллозода, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 сомонӣ ва ё 13,4 фоиз зиёд шудааст.  Тибқи ҳисоботи Вазорати меҳнат маоши миёна дар ВМКБ 6 дарсад афзоиш ёфта, ҳудуди 1050 сомониро ташкил медиҳад ва дар Душанбе 9 дарсад зиёд шуда,  наздики 1900 сомониро ташкил медиҳад.

“Музди миёнаи меҳнат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ВМКБ – 59,9 сомонӣ ва ё 6,0 фоиз, вилояти Суғд – 126,4 сомонӣ ва ё 12,9 фоиз, вилояти Хатлон – 160,4 сомонӣ ва ё 19,6 фоиз, шаҳри Душанбе – 158,3 сомонӣ ва ё 9,1 фоиз ва НТҶ – 160,0 сомонӣ ва ё 17,2 фоиз зиёд шудааст”, - иттилоъ дод Вазорати меҳнат аз қавли Маҳмадуллозода.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ваъда дод: дар Тоҷикистон музди кор, нафақа ва стипендия то 15 дар сад боло мешавад

Манбаъ афзуд, ки дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо 2501,7 сомонӣ, сохтмон 2426,6 сомонӣ ва нерӯи барқ, газ ва таъминоти об 1965,0 сомонӣ буда, сатҳи пасттарини он дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 559,5 сомонӣ мебошад.

Вазорати меҳнат таъкид кард, ки зиёдшавии музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои воқеӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтмон 16,3 фоиз, нерӯи барқ, газ ва таъминоти об 18,9 фоиз ва кишоварзӣ 6,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0