Аҳмадзода бо ваколатдори Қирғизистон таниши марзиро баррасӣ кард

Обуна шудан
Аҳолии наздимарзиро зарур аст, ки бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва машварату ҳамбастагӣ кору зиндагӣ намоянд ва бо ташкили чорабиниҳои гуногун муносибатҳоро таҳким бахшанд,-гуфтаанд ҷонибҳо

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо даъвати роҳбарияти вилояти Ботканд ба ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонашро дар ноҳияи Лайлак намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Кладбище в Узбекистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси тоҷикону қирғизҳо дар гӯристони марзӣ барои кулбаи белҳо

Ҷонибҳо оид ба тақвияти дӯстиву ҳамкорӣ, густариши робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо ҷалби фарҳангиёну варзишгарон мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин дидор таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо бо сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков Тоҷикистону Қирғизистон муносиботи дӯстона дошта, мардуми тоҷику қирғиз  тифоқу аҳлона ва дар ҳамсоягии ҳам зиндагӣ мекунанд.

"Аз ин рӯ, аҳолии наздимарзиро зарур аст, ки бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва машварату ҳамбастагӣ кору зиндагӣ намоянд ва бо ташкили чорабиниҳои гуногун муносибатҳоро таҳким бахшанд",-гуфтаанд ҷонибҳо.

Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ ва шахсони барӯманди деҳоти ҳаммарз иштирок намуда, масъалаҳои мавриди назарро баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0