Вокуниши ВУД: видеои “облава” не, боздошти майдаавбошон буд

© акс аз сомонаи РВУД ДушанбеРВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на "облава", балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд
РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар навори ахиран нашршуда дар шабакаи интернет на “облава”-и ҷавонон дар маркази пойтахт, балки ҳолати майдаавбошӣ сабт шуда буд

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Ба гузориши РВУД, шоҳидони ҳодиса бехабар аз асли қазия, онро ҳамчун ҳолати “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Доллары США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: Соддиқов барои носолим сабт кардани даъватшаванда 1000 доллар хост

Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе афзуд, дар пайи санҷиш муайян шуд, ки ҳодисаи мазкур, на “облава”, балки нақзи тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ду ҷавон мебошад.

“Муайян карда шуд, ки санаи 23 апрел дар назди Боғи афсона, воқеъ дар кӯчаи “Спартак” шаҳрванд Наврузов Ифтихор Нурмаҳмадович соли таваллудаш 2001 бо шаҳрванд Ҳусейни Маҳмадризо, соли таваллудаш 2001 ҷанҷол намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд. Дар ин ҳолат аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас шудаанд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Ин ниҳод афзуд, ки нисбати дастгиршудагон, тибқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, - майдаавбошӣ,  парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пешниҳод гардид.

Очередь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Хабаровск зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кард

Додгоҳи Душанбе ҷавонони муттаҳам дар майдаавбоширо ба ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 385 сомонӣ ҷарима бастааст.

Раддияи РВУД дар ҳоле нашр мешавад, ки дар навори ахиран паҳншуда дар интернет талоши бо зӯр ворид кардани ҷавонон ба як худрави сабукрав сабт шуда буд, аммо ҷавонон бо пойфишорӣ раҳо мешаванд. Ронандаи мошин, ки либосҳои мулкӣ дошт, бо дидани таваҷҷуҳи мардум рақами мошинашро канда, пинҳон намуд.

Феълан дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дорад, ки бархе онро мавсими "облава" унвон кардаанд. Тибқи гузоришҳои нашршуда, бархе аз шаҳрвандон дар ин мавсим ҳадафи “облава” – ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ қарор мегиранд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қонуншиканиҳо ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ интиқод карда, дастур дода буд, ки бештар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бештар карда шаванд.   

Лентаи хабарҳо
0