Нуралиев аз сафири Амрико дар барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотӣ кумак хост

© НБТ РТВстреча первого заместителя Нацбанка Таджикистана с послом США в РТ
Встреча первого заместителя Нацбанка Таджикистана с послом США в РТ  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси бонки миллии Тоҷикистон аз сафири Амрико дар Тоҷикистон барои барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ кумак хост

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ахиран дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Новый Посол США Джон Марк Поммершайм - Sputnik Тоҷикистон
Қироати шеъри Рӯмӣ ва саломи тоҷикӣ: паёми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон -Навор

Зимни мулоқот муовини якуми Раиси Бонки миллӣ сафири амрикоро доир ба вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, низоми бонкӣ ва ислоҳоти дар ин самт татбиқшаванда, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ҷамолиддин Нуралиев масъалаи барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ, рушди бозори суғурта дар кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва дастрасии молиявӣ ба аҳолиро, ки бо Департаменти Хазинадории Амрико мавриди муҳокима қарор дорад, бори дигар мавриди таваҷҷуҳи сафири навтаъйини арзёбӣ намуд. 

“Зимни мулоқот тарафҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар рушди иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии кишвар ҳарф зада, дар хусуси лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз қабили САSA – 1000 ва саҳми Амрико дар татбиқи минбаъдаи он, лоиҳаи НБО “Роғун” ва аҳамияти минтақавии он табодули назар карданд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон эътимодномаи сафирони навтаъини Қирғизистону Эрону Амрико ва Чинро қабул кард

Зимни мулоқот Ҷон Марк Поммершейм барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр намудааст, ки ҷонибдори суботи иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

“Ислоҳоти татбиқшаванда дар ояндаи дарозмуҳлат самараи худро хоҳад дод ва сафорати Амрико барои ҳамкорӣ дар самти масоили иқтисодӣ омодагии хешро баён медорад”, - гуфт сафири Амрико дар Тоҷикистон.

Дар охири мулоқот роҳбарияти Бонки миллӣ аз таваҷҷуҳи Амрико ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон, махсусан сафорати Амрико дар Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ дар пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ ба низоми бонкии кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала