Баъди шикоят ба вазир: ВУД нархи маълумотномаҳояшро арзон кард

© Дафтари матбуотии ВУД ҶТВазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода
Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз 1 майи соли 2019 нархномаи нави хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВУД мавриди амал қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, нархномаи нави маълумотномаҳо 18 апрели соли 2019 тасдиқ гардида, аз 1 майи соли 2019 мавриди амал қарор дода шуд, ки нисбати нархномаи пешин арзонтар мебошад.

Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз вокуниши Раҳмон: интиқоди сахти Зуҳуров аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Бар асоси нархномаҳои нав, арзиши пешниҳоди маълумотномаҳо барои шаҳрвандон дар 10 рӯзи корӣ 20 сомонӣ ва дар се рӯзи корӣ ба 40 сомонӣ баробар шуд. Нархҳо барои ташкилоти ғайридавлатӣ дар 10 рӯзи корӣ 45 сомонӣ ва дар 3 рӯзи корӣ 65 сомонӣ муқаррар гардиданд.

ВУД тавзеҳ додааст, ки иштирокчиёни ҶБВ, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА ”Чернобил”, ҷанговарони ”Интернатсионалист”, нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд. Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50 фоиз аз маблағи муайянгардида муқаррар карда мешавад. Хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ ба вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон расонида мешавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон дар бораи бекор кардани қарори Интернет ва амр ба муҷозоти масъулин

Таъини нархҳои арзонтар дар ҳоле сурат гирифт, аввали соли равон рӯзноманигорон аз қавли шаҳрвандон ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар бораи нархномаҳои гарони маълумотномаҳои ин ниҳод шикоят карданд. Раҳимзода дастур дод, ки масъалаи нархгузориҳо омӯхта ва бозбинӣ гардад.

Қаблан шаҳрвандон изҳор дошта буданд, ки барои маълумотномаи фаврӣ, аз ҷумла маълумотнома дар бораи доғи судӣ масъулин ҳудуди 100 сомонӣ талаб мекарданд.

СМИТ аз маркази оморӣ ва назоратӣ, маркази маълумотдиҳии оперативӣ, маркази ҳисоббарорӣ ва шуъбачаҳои фондҳои махсус, бойгониву котибот ва намояндагиҳо дар вилоятҳо иборат буда, ба ҷамъоварӣ ва таъмини маълумоти оморӣ, маълумотдиҳии оперативӣ, кофтукобӣ, бойгонӣ ва маълумотдиҳӣ бо истифодаи хазинаи умумӣ т машғул мебошад.

Лентаи хабарҳо
0