Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси идораи замин барои порагирӣ тариқи миёнарав

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Насриддинзода Муқим Теша, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо иттиҳоми порагирӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Насриддинзода моҳи марти соли равон тариқи миёнарав - Табаров Наврузбек Имомудинович аз шаҳрванд “А” барои аз ҳудуди заминҳои деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷудо кардани  0,06 гектар замини наздиҳавлигӣ 12500 сомонӣ талаб кардааст.

Банк Эсхата, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи ниқобпӯши мусаллаҳ ба бонки “Эсхата”

“Насриддинзода дар давоми моҳи марти соли 2019 ба воситаи миёнарав-Табаров аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 600 доллари ИМА ва 500 сомонӣ ҳамчун пора гирифта, вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш барои ба охирин ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ мусоидат намуд”, - омадааст дар иттилоияи Ожонси зидди фасод.

Манбаъ афзуд, ки 19 апрели соли 2019 алайҳи Насриддинзода барои порагирӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, худи ҳамон рӯз миёнарав Табаров баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 6000 сомонии боқимонда дастгир шуд.

Ожонс таъкид кард, ки  далели шайъӣ аз муттаҳамон гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала