Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь Лекаркин / Гузариш ба медиабонкВерующие во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане
Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи оғози моҳи Рамазонро дар кишвар 6-уми май эълон кард

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Ҳусайн Мӯсозода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт,  имрӯз зимни ҷаласаи Шӯро, оғози Рамазон дар Тоҷикистон чун дар бисёри кишварҳои дигар 6 май муқаррар карда шуд.

Главный имам Московской соборной мечети Ильдар Аляутдинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Маскав ҷавононро ба хайрхоҳӣ даъват кард

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз тақвимҳое, ки то имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта шудаанд, санаи оғози Рамазон 5 май нишон дода шудаст.  

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шурои уламои Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро эълом кард

Моҳи Рамазон 30 рӯз, то 4 июн давом хоҳад дошт ва 5-уми июн дар Тоҷикистон Иди Фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд. 

Шӯрои уламо қаблан иттилоъ дода буд, ки ҳар сол дар арафаи моҳи Рамазон Раёсати фатво пас аз гирифтани маълумот дар бораи арзиши хариду фурӯши тилло дар бозорҳои кишвар ва таҳқиқу баррасии он меъёри нисоби закотро муайян мекунад.

“Дар таъйини миқдори нисоб ба ҳисоби сомонӣ арзиши миёнаи тилло дар бозорҳо ба назар гирифта мешавад”, - тавзеҳ дода буд Шӯрои уламо.

Лентаи хабарҳо
0