Ҳамлаи ниқобпӯши мусаллаҳ ба бонки “Эсхата”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи як ниқобпӯши мусаллаҳ ба бонки “Эсхата” хабар дод, ки субҳи 30 апрел сурат гирифтааст. Ҳамлагар бо зӯрӣ пулро гирифтааст, аммо гурехтан натавонистааст

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. ВУД мегӯяд, бо иттиҳоми ҳамла ба бонки “Эсхата” марди 22-сола, сокини ноҳияи Хуросон боздошт гардид.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хоби абад мехоҳам: мудири "Жасмин" дар Душанбе барои қарз аз "Эсхата" 36 димедрол хӯрд

Ба иттилои манбаъ, ҷавони муттаҳам, 30-юми апрели соли 2019, тахминан соати 07:55-дақиқа, бо ниқоб ва корду ашёи монанд ба силоҳ мусаллаҳ гардида, ба маркази хизматрасонии ҶСК бонки “Эсхата”, воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ ворид шудааст.

“Ӯ бо таҳдид ба марди 27-сола, амалиётгар-нозири маркази хизматрасонии ҶСК бонки “Эсхата” ва зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия, сардори маркази хизматрасонии мазкур, 45 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазору 250 доллари амрикоиро тасарруф намудааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ афзуд, вақте ҳамлагар бо гирифтани маблағ хостааст, аз ҷойи ҳодиса фирор намояд, кормандони бонки мазкур муқобилият нишон дода, ӯро дастгир кардаанд.

ВУД мегӯяд, феълан тафтиши ин ҳодиса идома дошта, ҷавони 22-сола бо иттиҳоми роҳзанӣ дар боздошт қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала