Ҳаво дар Суғд то 28, Хатлон 31 ва ВМКБ 21 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда ва бебориш  шуда, ҳарорат  дар баъзе ноҳияҳо ба 24-28 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 ва  рӯзона 16-21  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона  14-19  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12  ва   рӯзона 20-26 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 24-29  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва  рўзона 19-24  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 6-8 ва рӯзона 26-28  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0