Ҳамдардии Зеленский бо наздикони қурбониёни Шереметово: ҳаёт арзиши воло

© AP / Efrem LukatskyВладимир Зеленский президент Украины
Владимир Зеленский президент Украины - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский бо аҳли хонаводаи қурбониёни фоҷиаи Шереметово ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Владимир Зеленский раисиҷумҳури Украина бо дӯстону пайвандони қурбониёни фоҷиаи ҳавопаймои Sukhoi Superjet 100 дар Шереметово, изҳори таслият кардааст.

Ором! навор аз дохили ҳавопаймои оташгирифта дар Шереметово – видео

"Зиндагӣ-арзиши волост. Моро фоҷиаҳое, чун аз даст додани пайвандон дар фронт, таркишҳое чун дар Шри-Ланка ва суқут дар Шереметово водор месозанд, ки онро ҳифз кунем. Кушташудагонро бозгардонидан намешавад. Мо ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ мекунем ва онҳоеро, ки дигар бо мо нестанд дар ёд дорем",-навиштааст Зеленский дар саҳифааш дар Facebook.

Самолет авиакомпании Аэрофлот Superjet 100, вернувшийся во время рейса Москва - Мурманск в аэропорт Шереметьево из-за возгорания на борту - Sputnik Тоҷикистон
Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин ва наздикони ҳалокшудагон дар Шереметово

Нуқси техникӣ ё касбияти паст: Кумитаи тафтишотии Русия сабабҳои эҳтимолии сӯхторро гуфт

Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт.

Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям гардида, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.

Қурбонбекзода, қурбонии фоҷиаи Шереметово ҷавони тоҷикистонӣ будааст

Мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ карданд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0