Мақомоти Тоҷикистон пас аз ду сол роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон”-ро расман иҷозат дод

© © Sputnik / Амир ИсаевАкция "Бессмертный полк" в Душанбе
Акция Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон пас аз ду сол баргузории “Ҳанги ҷовидон” дар Душанберо дубораиҷозат дод

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бори аввал аст, ки пас аз чанд сол расман роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон”-ро иҷозат дод, иттилоъ додааст ба SputnikТоҷикистон роҳбари “Россотрудничество” дар ҷумҳурӣ Михаил Вождаев.

Акция Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон дархости Русия барои баргузории “Полки абадӣ”-ро баррасӣ дорад

Вай гуфт, имрӯзҳо дар хиёбонҳои Душанбе овезаҳое ба муносибати рӯзи пирӯзӣ овехта шудаанд.

“Шаҳр бо нишонаҳои дахлдор оро дода шудааст”, - таъкид намудааст манбъа.

“Агар дар бораи роҳпаймоӣ сухан гӯем, пас аз чанд сол аст, ки мақомоти Тоҷикистон расман роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон”-ро иҷозат дод”,- қайд намуд Вождаев.

Қарор аст, роҳпаймоии мазкур рӯзи 9 май дар Рӯзи Ғалаба баргузор шавад.

“Мо соати 10 дар хиёбон бо суроғаи кӯчаи Шотемур ҷамъ меоем”, илова кард вай.

Вождаев ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок дар роҳпаймоӣ бо аксҳои наздикони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуданд, даъват кард.

Ёдрас мешавем, ки бори ахир роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” дар Толҷикистон соли 2016 баргузор шуда буд. Баргузории роҳпамоӣ он замон бо мақомот ҳамоҳанг шуда буд.

Аммо дар солҳои 2017 ва 2018 баргузории роҳпаймоӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон манъ шуда буд. Вале новобаста аз манъи мақомот садҳо нафар сокинони Тоҷикистон худсарона бо аксҳои наздиконаш ба роҳпамоӣ баромада буданд.

Дар Петербург гузари "Полки абадӣ" бо аксҳои куҳансарбозон баргузор шуд

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 240 собиқадорӣ ҷанг ба сар мебарад, ки ҷавонтаринаш 93-сола мебошад.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1941-1945 беш аз 300 ҳазор сокинони Тоҷикистон иштирок намуданд ва 92 ҳазори он ба хона барнагаштанд.

“Ҳанги ҷовидон” як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо акси бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0