Шояд миёни онҳо ту ҳам бошӣ: ВКД рӯйхати ронандагони қонуншиканро нашр кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинКамеры видеонаблюдения на дорогах Душанбе. Архивное фото
Камеры видеонаблюдения на дорогах Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Абдулхайров Сулаймон бо худрави "Мерседес Бенс" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 52 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Дорога в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БДА қонуншикании ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшон ва Талко Персияро ошкор кард: рӯйхати ВУД

Сайфулло Сафаров дар сархати ронандаҳои ҷаримагурез: рӯйхати ВУД

"Мерседес Бенс"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Шарифов Исуфалихон 50 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Форд"-и ККВД Автобус 2 номбар шудааст.

"Мерседесҳо"-и ҷаримагурез дар кӯчаҳои Душанбе: рӯйхати ВУД нашр шуд

Ронандаи ин ширкат 27 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Миёни ронандагони ҷаримагурез исми се зан-Мусаева Зарина, Қодирова Фарзона ва Исмоилова Замира ҳам номбар шудааст. Онҳо то ҳол ҷаримаашонро пардохт накардаанд.

Ҳамчунин дар баробари ширкати ККВД Автобус ҷаримагурезии ширкати ҶДММ Лоҷувард низ ошкор шудааст.

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 7 май, рӯйхати 22 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0