Имомов мӯйсаргирони тифлашро таҷлил карду қазияаш ба додгоҳ рафт

CC0 / Pixabay / Ножницы на столе
Ножницы на столе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Турсунзода падари тифли навзодро бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Як сокини шаҳри Турсунзода барои гузаронидани маъракаи мӯйсаргирони духтараки хурдсолаш 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуд, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Эркин Имомов бар хилофи талаботи моддаи 9 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки тибқи он маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, муйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешавад, амал намудааст.

Таджикская свадьба в Москве Хангомы и Халима - Sputnik Тоҷикистон
"Чойгаштак" кард ва ҳамсинфони духтарашро даъват кард: падари арӯсро ҷарима карданд

 "Ӯ 27 январи соли 2019 соати 18:30 то 19:30 маъракаи муйсаргирони духтари хурдсолаш  Имомова Марҳабои 11-моҳаро бо даъвати хешу таборон ва ҳамсоягон гузаронидааст", - тавзеҳ медиҳад додситонӣ.

 30 январи соли 2019 аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода, нисбати Имомов бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди  ирсол карда шуд.

Бо қарори додгоҳи шаҳри Турсунзода падари тифл бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Мӯйсаргирон - маросими халқиест, ки одатан ҳангоми бори аввал гирифтани мӯйсари писарбачаҳо гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0