Норвегия мефиристам: раиси Иттифоқ, узви ҲХДТ дар мардумфиребӣ гунаҳкор дониста шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Назриев Нуралӣ Давлатович, сокини 59-солаи шаҳри Душанберо дар қаллобию фиреби мардум гунаҳкор дониста, ба 6 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Назриев, зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, таҳсилоташ олии нопурра, узви ҲХДТ, ки пеш ҳам суд шудааст, ҳангоми кор дар мақоми раиси Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон даст ба қаллобӣ задааст.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабс камтар мешавад? супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ёрдамчияш

Манбаъ зикр кард, ки Назриев барои исрофкорӣ соли 2005 ба зиндон маҳкум шуда, соли 2017 ва 2018 низ парвандаҳои ҷиноӣ алайҳаш бо иттиҳоми исрофкорӣ бар асоси қонуни афв аз соли 2016-ум қатъ гардидаанд.  

Додгоҳ таъкид кардааст, ки Назриев аз ин хулосаи даркорӣ набароварда, боз ба қаллобӣ даст зада, бо ваъдаи ҷои кори хуб дар Норвегия ва Олмон аз шаҳрвандон маблағ гирифта, фиреб додааст.

Ба иттилои додгоҳ, Назриев ҳангоми кор дар вазифаи раиси Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон моҳи июли соли 2017 дар бозори “Султонои Кабир” бо шиносаш ҷабрдида Нуриддинов Илҳом Аминҷонович вохӯрда, аз мақсади ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани Нуриддинов огоҳ шудааст.

Угон автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар вақти намозхонӣ ба дуздӣ машғул мешудааст: боздошти дузди чолок дар Хуҷанд

Аз ин фурсат истифода бурда, Назриев ба Нуриддинов гуфтааст, метавонад ба воситаи Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон ӯро ба Норвегия ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо маоши 5000 евро як моҳ фиристад.

Додгоҳ илова намуд, ки Назриев ҳамчунин ба Нуриддинов гуфтааст, агар шиносҳояшро низ барои муҳоҷират ба давлати Норвегия ҷалб кунад, роҳкиро метавонад барояш арзонтар афтад.

“Нуриддинов иброз намудааст, ки дар деҳаашон ҳамсояҳо ва хешовандонаш бекор мебошанд ва хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд. Нуриддинов ҳамон рӯз ба хонааш, воқеъ дар ноҳияи Ёвон Ҷамоати деҳоти Г.Юсуфова, деҳаи Навкорам омада, шахсони наздики худро яъне домодаш Аминбеков А.С. ва шиносҳояш Абдураҳмонов З.Ҷ., Сатторов Қ.М., Қурбонов Қ.Т., Содиқов Г.Ҳ. ва Давлатов А.И.-ро ҷамъ намуда, ба онҳо ҳамаи ҳолати корро, яъне барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Норвегия рафтанро фаҳмондааст.”, - иттилоъ дод додгоҳ.

Ножницы на столе - Sputnik Тоҷикистон
Имомов мӯйсаргирони тифлашро таҷлил карду қазияаш ба додгоҳ рафт

Муттаҳам бо пешниҳоди эълони ҷои кор дар ширкатҳои нафтбарории Норвегия аз Нуриддинов ва шиносҳояш дар дафтари кории Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон, ки дар ошёнаи дуюми бинои Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон 25 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ба иттилои додгоҳ Назриев дар маҷмуъ аз ҷабрдидаҳо 29 ҳазор сомонӣ гирифта, ба онҳо зарари калони моддӣ расондаст.

Собиқи раиси Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон дар мурофиа худро қисман дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, аз додрас хостааст, ки ба ӯ ҷазои сабук таъин кунад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо назардошти ҳолатҳои парванда Назриев Нуралӣ Давлатовичро муҳлати 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда, ӯро ба муҳлати се сол аз мансабҳои вобаста ба молу пул дар корхонаҳо маҳрум намудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала