Оғози содироти зардолу аз Тоҷикистон

© PixabayАбрикосы, архивное фото
Абрикосы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Содироти навъи зудраси меваи зардолуи Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Содироти навъи зудраси меваи зардолуи Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар оғоз шудааст, хабар медищад "Парс тудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамакнун ҳар кило зардолу дар бозорҳои Тоҷикистон ба қимати 15-20 сомонӣ (муодили 1,58 - 2,11доллар) арза мешавад ва ҳамзамон раванди содироти ин маҳсули кишоварзии муҳим низ оғоз шудааст.

Водии Фарғона маҳалли аслии тавлиди зардолу аст, ки бахше аз он дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, аммо навъи зудраси зардолу дар ҷануби Тоҷикистон бардошт мешавад.

Кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Украина, Фаластин, Иморот, Ҷопон, Амрико, Канада ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ аз ҷумлаи муштариёни зардолуи Тоҷикистон ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0