Чатр кӯмак накард: роҳпаймоёни "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав ҳама тар шуданд-видео

CC0 / Pixels / Ливень, архивное фото
Ливень, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои шаҳрдории пойтахти Русия, дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав беш аз 700 ҳазор кас ширкат кард

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Борони шадид суръати ҳаракати "Ҳанги ҷовидон"-и Маскавро тезонда, ҳамаи ширкаткунандагонро тар кард.

Дар ин бора яке аз роҳпаймоёни "Ҳанги ҷовидон", ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

"Соли сеюм мешавад, ки ман дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" дар Маскав ширкат мекунам, вале чунин борони селро бори аввал мебинам. Мардум аз сар то по пурра тар шуданд",-гуфт донишҷӯи тоҷики муқими  Маскав, ки бо акси бобояш Тупчиев Шиновар дар "Ҳанги ҷовидон" ширкат кард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#знатьчтобыпомнить

Публикация от Shinov Beknazarov (@shinov6278)

Ба гуфти мусоҳиб ҳама дар даст чатр дошт, вале чатр кӯмак накард.

"Борон дар як ҳин ҳамаро тар кард",-гуфт ӯ.

Вале дар навор дида мешавад, ки борони шадид ба руҳияи ширкаткунандагон асаре нагузошт. Мардум зери борони шадид "Уррра"-гуён ба пеш ҳаракат мекунанд.

Тоҷикони муқими Маскав дар ҳайъати алоҳида дар "Ҳанги ҷовидон", роҳпаймоӣ карданд.

Президент РФ В. Путин на параде Победы - Sputnik Тоҷикистон
Чархболу ҳавопаймоҳои Русия 9-май "напариданд"

Тоҷикони Маскав, рӯзи 9 май дар кӯчаи марказии Маскав ба муносибати таҷлили 74-солагии Рӯзи Пирӯзӣ наздики ҳазор кас ҷамъ омада, то майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд. 

Роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон"-ро дар Маскав Путин роҳбарӣ кард

Нахустин бор тоҷикони Маскав соли 2016 ба аксияи "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуда буданд.

Бо парчаму, тоқӣ доираву рақс: иштироки тоҷикон дар "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав-гузориши аксӣ

Солҳои қабли дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" наздик ба ҳазор намояндагони Тоҷикистон бо аксҳои бобоёни худ қадам зада буданд.

Чархболу ҳавопаймоҳои Русия 9-май "напариданд"

Ёдовар мешавем, ки дар маросими гузашти низомӣ низ дар майдони Сурхи Маскав, ба далели номусоидии боду ҳаво ва фаромадани меғ, чархболҳои намоишӣ натавонистанд ширкат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0