Соҳибназар Ғайратшо ба муҷасамаи сарбози шӯравӣ дар Берлин гулчамбар гузошт

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМонумент "Воин-освободитель" в Трептов-парке в Берлине
Монумент Воин-освободитель в Трептов-парке в Берлине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гирдомадагон ёди сарбозони шуравиро дар маҷмуъаи ёдгории Трептов-парк дар Берлин гиромӣ доштанд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Имрӯз сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо зери муҷассамаи сарбози шӯравӣ дар Трептов-парки шаҳри Берлин гулчамбар гузошт, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳеҷ кас фаромӯш нашудааст": гузориши аксӣ аз "Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе

Бино бар иттилои манбаъ, инчунин барои ёде аз сарбозони Иттиҳоди шӯравӣ роҳбарон ва намояндагони Русия, Узбакистон, озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва туркманистон ҷамъ омада буданд. Онҳи ба назди муҷассамаи сарбоз наздик шуда, зери он гул гузоштанд.

Дар маросими гулчамбаргузорӣ инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сокинони шаҳри Берлин ва куҳансарбозон ҷамъ омада буданд. Баъзеҳо ба маҷмуъаи ёдгории Трептов-парк бо аксҳои наздиконашон омада буданд.

Ёдрас мешавем, ки маҷмуъаи ёдгории Трептов-парк 8 майи соили 1949 аз тарафи коменданти шаҳри Берлин Александр Котиков ифтитоҳ ёфтааст.  Ин маҷмуъаи ёдгорӣ яке аз машҳуртарин дар тамоми ҷаҳон будааст.

Дар ҳудуди ин маҷмуъаи ёдгорӣ беш аз 7,2 ҳазор сарбози Иттиҳоди Шӯравӣ гуронда шудааст.  

Лентаи хабарҳо
0