Муроҷиати Афзалшо Шодӣ ба мухлисон аз беморхонаи Олмон. Таъхири консерти ваъдагӣ - Навор

© SputnikНародний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консерти ду рӯзаи Афзалшо Шодиев баъди ба таъхиргузории пешин мебоист, ки рӯзҳои 11 ва 12 - уми май дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд баргузор мешуд, аммо мутаассифона боз баргузор намегардад

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputniк.  Консерти ду рӯзаи Афзалшо Шодиев мебоист, ки рӯзҳои 11 ва 12 - уми май дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд баргузор шавад, аммо бо сабаби вазъи саломатии ҳофиз ва давом кардани табобаташ дар Олмон баргузор намегардад. Дар ин бора худи Афзалшо Шодиев дар як паёми видеоӣ аз Олмон хабар додааст.

Дар ин видео Афзалшо Шодиев дар шароити муолиҷа дида шуда, хеле хаста ба назар мерасад.

“Ман дар Германия 25 рӯз боз дар бемористон қарор дорам. Узр мехоҳам аз мардуми Хуҷанд. Мо ҳеҷ вақт ба мардуми Хуҷанд ноҳурматӣ намекунем. Мардуми азизи Хуҷанд ман бахшиш мепурсам. Ин ки насиб сиҳат саломат ба Тоҷикистон баргаштам рӯзашро муайян мекунем ман консерт медиҳам. Илоҳо ҳама мардуми Хуҷанди бостонӣ саломат бошанд, умри дароз бинанд” гуфтааст, Афзалшо Шодиев дар паёми видеоии худ.

Баргузории барномаи консерти Афзалшо Шодиев як дафъа ба таъхир мононда шуда буд. Баргузории ин барномаи консертӣ, санаҳои 30 -уми апрел ва 1- уми май дар нақша буд, вале бо сабаби сафари хориҷаи ҳофиз ин ду барномаи консертӣ ба рӯзҳои 11 ва 12 уми май ба таъхир гузошта шуд.

Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Узр, таъзим ва ваъдаи хизмати дукаратаи Афзалшо Шодиев

Он вақт ҳофиз сабаби ин таъхиргузориро ба далели сафараш дар Олмон шарҳ дода, аз мардум узр пурсида ва хизмати дукарата ваъда дода буд. Ҳоло бо гузашти 25 рӯз аз ин сафараш маълум мешавад, ки Афзалшо Шодиев барои табобаташ ба Олмон сафар кардааст. Дар паёми видеоии ӯ дида мешавад, ки ҳофиз дар рахти беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Олмон қарор дорад.

Самад Самадов аз шогирди Афзалшо Шодиев ва аз мубтакирони барномаи консертӣ барои инчунин иттифоқоте, ки сарзадааст, аз мардум ва мухлисон узр пурсидааст.

“Пеш аз ҳама барои инсон саломатӣ даркор аст. Вақте инсон саломат аст, тани сиҳат дорад, барои вай ҳам ханда мефорад, ҳам консерту суруд мефорад. Ба ҳамаи мухлиси ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз номи худам ва аз номи устодам минатдорӣ ва узр мепурсам. Узри худро ба халқи Хуҷанд расониданиам” , гуфтааст Самад Самадов

 Табобати ҳофиз то чанд рӯзи дигар дар Олмон давом мекунад ва баргузории барномаи консертӣ кай ба нақша гирифта мешавад, ҳанӯз мушаххас нест. Аммо Афзалшо Шодиев изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди ба охир расидани табобат ва бозгашташ ба Тоҷикистон дар Хуҷанд барномаи консертӣ доир мекунад.

Лентаи хабарҳо
0