Гузориши Додсионии кулл аз пинҳонкунии боҷи гумрукии як соҳибкор

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкорро барои қонуншикании маъмурӣ ҷарима ва амволашро мусодира карданд

ДУШАНБЕ, 11 мая – Sputnik.  Қурбонов Толибҷон, соҳибкори инфиродӣ дар бозори марказии ноҳияи А. Ҷомӣ ба фуруши моле, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риоя кардани қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд, машғул шудааст, гузориш медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ӯ  485 дона маводи ороишию гигиении (шампун) навъи "head&shoulders" 400мл-ро, ки бидуни назорати гумрукӣ ва барасмияти гумрукӣ ворид шуда буд, гирифта 12 донаашро фурухтааст.

 "18 декабри соли 2018 зимни санҷиш аз дукони Қурбонов Т.Ҳ. 468 дона маводҳои ороишию гигиении (шампун) навъи "head&shoulders" 400мл ба маблағи 16805.88 сомонӣ, аз ҷумла "head&shoulders" (цитрусовая свежесть для жирных волос 2в1) 34 дона, "head&shoulders" (увлажняющий  уход за кожей головы с миндальным маслом) 1 дона, ва дигар намуди ин маводҳои ороишӣ ба маблағи 16805.88 сомонӣ дарёфт карда гирифта шуданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

 Нисбати  Қурбонов Толибҷон аз тарафи прокурории вилояти Хатлон 25 январи соли 2019 бо моддаи 597 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда,  барои баррасӣ ба суд фиристонида шуд.

 Бо қарори суди ноҳияи А. Ҷомӣ аз 19.02 соли 2019 Қурбонов Толибҷон бо  моддаи 597 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи як каратаи арзиши ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 16805.88 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат муқаррар карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0